Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.08.2016 17:07

Рӯзи 20 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ (мусобиқаи футболи хурд) бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими   Душанбе оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳии мусобиқа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Муовини Президенти Федератсияи футболи   Тоҷикистон Дилшод Ҷураев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулғафур Орзу ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка Элизабет Миллард суханронӣ намуданд.

Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим