Супоридани эътимоднома ба Дабири кулии Созмони ҳамкории исломӣ

25.08.2016 16:50

24 августи соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ, ба ҳайси намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон, тақдим намуд.

Зимни мулоқот, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ баргузор гардид, ҷонибҳо доир ба роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанба дар доираи ин созмон сӯҳбати судманд анчом доданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба масоили вобаста ба ташвиқи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илмию фарҳангӣ зоҳир гардид.

Супоридани эътимоднома ба Дабири кулии Созмони ҳамкории исломӣ

Нигористон

Тақвим