Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Гана

17.10.2024 17:19

17 октябри соли 2024 дар Душанбе даври нахустини машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана дар сатҳи муовинони вазир баргузор гардид.

Дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, башардӯстона, илму маориф, фарҳанг, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Дар нишаст “Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана” ба имзо расид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим