23 августи соли 2016 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ ҳайати мисриро, ки дар Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳадафи шашуми рушди устувор (Душанбе, 9-11 августи 2016) иштирок карда буд, ба ҳузур пазируфт.
Хонум Зубайда Маҳмуд, мудири Бахши минтақавии бозомӯзии Вазорати захираҳои обӣ ва обёрии Миср, мудири Маркази иқлимии бозомӯзӣ ва пажӯҳиш ва д-р Муҳаммад Ваҳба, муовини мудири Бахши минтақавии бозомӯзии Вазорати мазкур аз иштироки худ дар ҳамоиши байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Симпозиуми Душанбе дар сатҳи баланди мундариҷавӣ ва ташкилӣ баргузор гардид.
Меҳмонони Сафорат таъкид карданд, ки ҷониби мисрӣ ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Симпозиуми байналмилалии Душанбе тадбирҳои лозима хоҳад андешид. Инчунин қайд шуд, ки ҷониби мисрӣ аз барқарор гардидани ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ва омӯзишу мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ ва обёрӣ истиқбол хоҳад кард.
