Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

26.08.2016 10:18

25 августи соли 2016 дар шаҳри Пекин даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ли Хуейлай роҳбари кард.

Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, фарҳангӣ ва башариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин росто ба рафти иҷрои тавофуқоте, ки миёни роҳбарони ду кишвар моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон ва Чин, дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Машваратҳои  сиёсӣ миёни  вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Нигористон

Тақвим