30-31 октябри соли 2024 дар ш. Пекин бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва ёвари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардиданд.
Дар рафти чорабинӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ (СММ, СҲШ, МҲТБО) мавриди баррасии муфассал қарор дода шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, рафти иҷрои тавофуқоти феълиро, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, матраҳ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan