Иштироки Сафир дар ҳамоиши вазирони гардишгарӣ дар Табрез

30.08.2016 13:32

29 августи соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Неъматулло Эмомзода дар  “Аввалин нишасти вазирони гардишгарии кишварҳои узви Маҷмааи гуфтугуи ҳамкориҳои Осиёӣ” ба  шаҳри Табрези ҶИЭ ширкат варзид.

Н. Эмомзода зимни суханронии худ дар ҷаласаи мазкур аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши гардишгарӣ, табиати нотакрори кишвар, обҳои шифобахш, иқлими аз ҷихати экологӣ тоза,  таърихи бою қадима ва фарҳанги пурғановати тоҷикон, инчунин, пешрафти соҳаи гуногуни гардишгарӣ: кўҳнавардӣ, саёҳати кўҳию варзишӣ, экологӣ, саёҳати табобатӣ ва санаторию курортӣ, қаиқронӣ дар дарёҳои кўҳӣ (рафтинг), лижаронӣ, таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ  хотиррасон шуд.

Ӯ роҳандозии тартиби нави ба расмият даровардани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва низоми раводиди электронӣ дар Тоҷикистон аз тадбирҳои муассир ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарони хориҷӣ арзёбӣ намуд.

Иштироки Сафир дар ҳамоиши вазирони гардишгарӣ дар Табрез

Нигористон

Тақвим