6 ноябри соли 2024 дар ш.Сеул дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо Президенти Ассамблея ва раиси шурои Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) Пан Ги Мун баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ С. Имомӣ ба Пан Ги Мун нусхаи аслии Номаи ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Созишнома дар бораи таъсиси Институти ҷаҳонии рушди сабз супорида, ҷонибҳо аъзо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба GGGI дар роҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин мавзуъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва GGGI-ро дар заминаи энергияи таҷдидшаванда ва рушди устувор мавриди баррасӣ гирифтанд.
Ҳамзамон аз роҳбарияти GGGI барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал оварда шуд.
Пан Ги Мун аз робитаҳои деринаи дӯстонааш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба роҳбари давлати Тоҷикистон дуруд ва таманниёти неки худро баён намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan