Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Сеул

07.11.2024 09:43

6 ноябри соли 2024 ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик, ҳамватанони муқими Сеул ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корея чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром ҷамъомадагонро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, роҷеъ ба аҳаммияти Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар ва соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоиста шудан дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим