5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайт дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории байналмилалии зиддитеррористӣ ва бунёди механизмҳои самараноки бехатарии сарҳадӣ – марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе» вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири амнияти миллии Ироқ Қосим Ал Араҷӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Ироқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тарафҳо инчунин роҷеъ ба масоили амниятӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan