18 ноябри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва UNODC-ро, аз ҷумла амнияти сарҳад, мубориза бо таҳдидҳои фаромарзӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии кишвар муҳокима карданд.
Ҳамчунин мавқеи ҷонибҳо оид ба омодагӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳияи абзорҳои рафъи таҳдидҳои мавҷуда ба сулҳу амният таъкид гардид. И.Насредин намояндаи минтақавиро ба муносибати ба вазифа таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияташ баҳри мустаҳкам намудани суботи минтақа комёбиҳо таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan