20 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ахмед Гурбанов баргузор гардид.
Дар машваратҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории Душанбе ва Ашқободро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилию минтақавӣ, аз ҷумла абзори Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.
Рағбати ду кишвар ба густариши бештари муносибатҳои гуногунҷанба таъкид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan