Иштирок дар конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм

20.11.2024 19:12

19 ноябри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар Конфронси байналмилалии «Таҳкими амният барои таъмини субот: коҳиши хатарҳои афзояндаи терроризми фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд.

Дар конфронс инчунин намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Оливер Штолпе, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони байналмилалӣ ва дигар шахсони воломақом иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба таҳдидҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ, чолишҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи таъмини амнияти сарҳадҳо ва сатҳи ҳамкории минтақавӣ бар зидди терроризми фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим