Мулоқот бо коршиноси Гурӯҳи мониторинги Шурои Амнияти СММ

20.11.2024 19:26

20.11.2024.19.26.jpg

20 ноябри соли 2024 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо коршиноси Гурӯҳи мониторинги Кумитаи таҳримҳои №1267/1989/2253, Кумитаи таҳримҳо № 1988-и Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид Эстер Зубири баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо таҳдиди террористиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба вазъи кунунии амниятии Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan



 

Нигористон

Тақвим