Мулоқоти муовини вазир бо ректори Донишкадаи тадқиқоти дипломатӣ

21.11.2024 13:55

20 ноябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ректори Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ вохӯрӣ намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста  ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи равобити байналмилалӣ, инчунин ташкили давраҳои омӯзишӣ ва табодули  таҷрибаомӯзиро барои дипломатҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор доданд. 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим