21 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Машваратҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва ваколатдори вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Конрад Артс фон Штрауссенбург роҳбарӣ карданд.
Зимни музокирот роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, муҳоҷират, маориф, илм ва фарҳанг табодули афкор сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари муносибатҳои гуногунҷанба ва дар марҳилаҳои навбатӣ татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак таъкид гардиданд.
Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan