Мулоқот бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

22.11.2024 12:06

22.11.2024.12.05.jpg

22 ноябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакаларо ба муносибати ба поён расидани маъмурияташ ба ҳузур пазируфт.

Аснои музокира мавзуоти умдаи рӯзномаи ҳамкориҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мавриди гуфтушунид қарор гирифта, дар хусуси дурнамои вусъату тақвияти баъдии шарикии дуҷонибаю бисёрҷониба бо ниҳодҳои ИА табодули афкор баргузор гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин ба хонум Терҳи Ҳакала барои саҳмаш дар густариши мушорикат миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар изҳори сипос намуда, ба ӯ дар рисолати баъдияш комёбиҳо таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим