Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сенатори Штатҳои Муттаҳидаи Америка

23.11.2024 13:06

23 ноябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сенатори Штатҳои Муттаҳидаи Америка, узви Кумитаи Сенати ШМА доир ба энергетика ва захираҳои табиӣ Стив Дейнс мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба зарурати татбиқи зарфиятҳои мавҷуда ва имкониятҳои нав дар ҷодаи тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико дар руҳияи дӯстию шарокати дарозмуддат табодули назари судманд анҷом доданд.

Бахусус мавзуҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амну суботи минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо мавриди баррасии мусоҳибон қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим