Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

25.11.2024 17:40

25 ноябри соли 2024 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби дипломатони тоҷик ва бо намоиш дар бораи Парчами давлатӣ оғоз ёфта, сипас вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба аҳамияти таърихии дирафши миллӣ, ки ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарӣ ва пойдорӣ барои ободии Ватани азизамон мебошад, суханронӣ намуд.

Вазир бо иқтибос аз гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: “Парчами миллии мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда, ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд” зикр кард, ки ҷашни Парчами давлатӣ аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ месозад.

С. Муҳриддин дар идомаи суханронии худ ба дипломатҳои тоҷик таъкид намуд: “зимни музокироту нишастҳои байналмилалӣ, бояд бо ғурур ва ҳувияти миллӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дарк намоем, ки зери парчами давлатӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунем. Ҳар лаҳзае, ки ба ифтихори пирӯзиҳои варзишкорони Тоҷикистон парчами давлатӣ баланд афрохта мешавад, ҳамаи мардуми кишвар ва тоҷикони берун аз он низ ифтихор мекунанд ва бо ҳисси меҳанпарастӣ рӯҳу илҳом мегиранд”.

Таъкид карда шуд, ки дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як тоҷик аст. “Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад”, - натиҷагирӣ намуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар рафти чорабинӣ дипломатони ҷавон шеърҳо дар васфи Парчами миллӣ қироат карданд.,

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим