Мулоқоти маҷозии вазири корҳои хориҷӣ бо муовини дабири кулли ЮНЕСКО

26.11.2024 18:28

26 ноябри соли 2024 мулоқоти маҷозии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ Лидия Брито баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро дар Тоҷикистон дар соли 2025 баррасӣ карданд. Ҷонибҳо хатари обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар партави таъсири тағирёбии иқлим ба захираҳои обии минтақаро таъкид карданд. Ҳамзамон ҷанбаҳои ҳамкориҳои эҳтимолии муштарак барои мониторинги обшавии пиряхҳо, арзёбии мушкилоти экологӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ барои ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки аз системаҳои кӯлҳои пиряхӣ вобаста аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот ба ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба ва таъсиси чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи конфронси дарпешистода, ки коршиносони байналмилалӣ, ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ва сиёсатмадоронро барои ҳалли масъалаҳои мубрами марбут ба экосистемаҳои пиряхҳо дар Тоҷикистон муттаҳид мекунанд, тамаркуз карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим