Маросими имзои Cозишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид миёни Тоҷикистон ва Малдив

27.11.2024 09:17

26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид доир гардид.

Санади мазкурро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Малдив дар ин Созмон Али Насир Муҳаммад ба имзо расониданд.

Дар асоси Созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳои ин Созишнома аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ ва убур ва муваққатан бубудош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.

Ин созишнома ба муҳлати номуайн баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин Созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим