Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба демаркатсияи cарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон

27.11.2024 15:51

27.11.2024.15.51.jpg

Аз 23 то 27 ноябри соли 2024 дар ш. Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гузариши хатти демаркатсионии cарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо мегардад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим