27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Вена ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти робарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳаставӣ, фанновариҳо ва барномаи ҳамкориҳои фаннӣ иштирок кард.
Дар ҳошияи Конфронси мазкур мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли АБНА Рафаеэл Гросси баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва АБНА, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки феълӣ ва ҳамчунин тарҳҳои миллии нав дар самтҳои гуногун дар доираи Барномаи ҳамкориҳои фаннии АБНА барои солҳои 2026-2027-ро баррасӣ карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan