27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Абу Забӣ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов эътимодномаи худро ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён супорид.
Ҳангоми маросим дар Қасри Ватан сафир таманниёти нек ва дуруду паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб расонида, бо истифода аз фурсат роҳбарияти олии он кишварро ба муносибати таҷлили 53-юмин солгарди Рӯзи миллии АМА табрик намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan