Ҳукумати Ҷопон лоиҳаро оид ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад

07.09.2016 11:44

7 сентябри соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои мубодилаи ёддоштҳо миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии  Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст роҷеъ ба лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳо барои коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниш” баргузор гардид.

Ҳамчунин миёни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Назарзода ва Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст Созишномаи грантӣ оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур ба имзо расид.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тақвияти иқтидори сохторҳои марбутаи Тоҷикистонва абзорҳои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ҷиҳати коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниши фаврӣ ба офатҳои табиӣ равона шудааст. Ин лоиҳа ҳамчунин ба тақвияти ҳамкории наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва вокуниши саривақтӣ ба онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур  Ҳукумати Ҷопон маблағи  10,6 млн. $ ИМА ҷудо хоҳад кард.

Дар маросими имзои ёддоштҳо ва созишномаи грантӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов С.М. ширкат варзид.
 

Нигористон

Тақвим