7 сентябри соли 2016 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварамон баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тамоми кормандонро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ муборакбод гуфта, ба онҳо комёбиву дастовардҳои бештар дар фаъолияти пурсамарашон таманно намуд. Ҳамзамон ба гурӯҳи кормандони Вазорат барои саҳми назаррас дар пешбурди сиёсати хориҷии кишвар мукофотҳои соҳавӣ супорида шуд.
Кормандони Вазорат бо шукргузорӣ аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид доштанд, ки минбаъд низ тамоми қуввату ғайрати худро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат дареғ нахоҳанд дошт.
