Мизи мудаввар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2016 17:26

6 сентябри соли 2016 дар бинои Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К.Дикамбаев Мизи мудаввар бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони корпуси дипломатӣ, коршиносон, олимон, намояндагони донишгоҳҳои гуногун ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Қирғизистон иштирок намуданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода дар баромади худ доир ба давраҳои асосии ташаккули давлатдорӣ ва дастовардҳои кишвар дар 25 соли истиқлолият сухан ронда, махсусан нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди кишвар, ягонагии миллат ва баланд бардоштани мақому обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ қайд намуд.

Ҳамчунин Сафир дар бораи дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва рушди муносибатҳои дуҷониба байни ду мардуми бародар сухан ронда, қайд кард, ки «бинобар ба вуҷуд омадани алоқаҳои анъанавии дӯстона ва мутақобилан судманд, Тоҷикистон ва Қирғизистон доимо ба тавсеа ва густариши доираи васеи муносибатҳои дуҷониба, махсусан дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстона таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд ва мекунанд».

Дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар бо маърӯза Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Қирғизистон Виктор Денисенко, Президенти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи А.Рӯдакӣ – Равшанбек Собиров, Академики Академияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон – Абдуҳалим Раҳимҷонов, иҷрокунандаи вазифаи Ректори академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К.Дикамбаев – Таалайбек Кидиров, Президенти Иттиҳодияи Ҷамъиятии дӯстии Тоҷикистон - Қирғизистон – Омор Султанов, Президенти донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон – Асилбек Айдаралиев ва дигар шахсон баромад намуданд. Нотиқон мардуми тоҷикро бо 25-умин солгарди кишвар табрик намуда, ба мардуми тоҷик комёбиҳои минбаъда ва шукуфоиро таманно карданд. Иштирокчиёни мизи мудаввар муҳимияти гузаронидани чорабинии мазкурро дар арафаи ҷашнгирии 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда, ба мундариҷаи он изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар бинои Академияи дипломатӣ ҳамчунин намоиши аксҳо ҷойгир карда шуд, ки дар бораи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаҳои гуногун нақл мекард.

Мизи мудаввар  25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон       

Нигористон

Тақвим