6 сентябри 2016 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои таърихии “Китобхонаи Карнегии шаҳри Вашингтон” чорабинии идона барпо намуд. Дар чорабинии мазкур доираи васеи намояндагони мақомотҳои давлатии ШМА, ширкатҳои тиҷоратӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, корпуси дипломатӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ШМА ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоиши аксҳои суратгирон - Заур Дахте ва Баҳриддин Исомуддинов оид ба табиати кишвар ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд. Намоиши фарҳангӣ дар чорабинии идона аз ҷониби гурӯҳи шинохтаи “Silk Road Dance Company” бо рақсҳои миллӣ манзур карда шуд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми 25-соли Истиқлолият ва инчунин роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА маълумот дод. Дар навбати худ, Муовини аввали Ёвари Котиби давлатии ШМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Уилям Тод зимни баромади табрикотии худ, аз номи Президенти ШМА Барак Обама ва Котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлолият табрик намуд.
