Мулоқоти наҳории аъзоёни Гурӯҳи “Дӯстони об” дар ш. Ню-Йорк

12.09.2016 14:39

8 сентябри соли 2016 дар ш. Ню-Йорк мулоқоти васеи аъзоёни Гурӯҳи “Дӯстони об” бо иштироки намояндагони зиёда аз 70 Намояндагиҳои доимии кишварҳои аъзои СММ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла масъалаи татбиқи ташаббуси нави Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аъзоёни Гурӯҳи “Дӯстони об”, ки қаблан дар Ҳамоиши “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” (9-11 августи 2016, Душанбе) иштирок доштанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муваффақона баргузор намудани ин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Мулоқоти наҳории аъзоёни Гурӯҳи “Дӯстони об” дар ш. Ню-Йорк

Нигористон

Тақвим