9 сентябри соли 2016 дар ш. Исломобод бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дар ҳамкорӣ бо Институти таҳлил ва тадқиқотҳои стратегии Покистон, Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва Институти омӯзиши сулҳ ва дипломатия Мизи мудаввари илмӣ дар мавзӯи «25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамо ва рушди минбаъда» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Воҳид-ул-Ҳасан ширкат намуд.
Дар оғоз Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки бо шарофати истиқлолияти миллӣ баҳри худшиносӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон заминаҳои наву муҳим ба миён омаданд. Дар натиҷаи сиёсати стратегӣ ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон гардид, ки Тоҷикистон аз бӯҳрони сиёсӣ ва фалаҷ шудани иқтисодиёт, ки бино ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада буданд, баромада, пешрафтҳои босуботи иқтисодиёт, корҳои бунёдкорию созандагӣ, сохтмони иншоотҳои муҳими энергетикӣ, нақлиёт ва инфрасохтору нақлиёт, илму маориф ва иҷтимоиёт ба даст омаданд.
Ҷононов Ш.С. илова намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва самимии роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Покистон ба рушди бесобиқаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар ҳамаи соҳаҳо муосидат намуданд.
Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом барои Тоҷикистон муҳим мебошад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Воҳид-ул-Ҳасан ба симмати намояндагии расмӣ дар оғоз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ ноил гардида, он ба яке аз кишварҳои муҳими минтақа мубаддал гардад. Вай илова намуд, ки Тоҷикистон барои Покистон яке аз кишварҳои муҳим ба шумор рафта, дар Покистон онро чун «дарвозаи Осиёи Марказӣ» эътироф менамоянд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ин мамлакти дӯсту бародари боз қодир аст ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтарро ба даст оварад. Илова намуд, ки дар тӯли вақтҳои чӣ мушкил ва чӣ дар давраҳои беҳтари он ҳамеша дар паҳлӯӣ Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.
Дар кори мизи намояндагони расмии Покистон, мудаввар олимони варзида, сафирҳои собиқадор, тадқиқотчиёну таҳлилгарони сиёсии кишвари мазкур, рӯзноманигорон ва олимону ҷавону донишҷӯён ширкат доштанд.
