Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО

17.12.2024 18:11

17 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 7-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ С. Муҳриддин изҳор намуд, ки МҲТБО, дар сурати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар раванди табдилдиҳӣ ба созмони байналмилалӣ, ҷиҳати мубориза бо чолишҳои муҳити зудтағйирёбандаи байналмилалӣ муассиртар хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз кишварҳои узви МҲТБО ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим