Вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли равон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон пазироии ботантанаи расмӣ баргузор намуд.
Дар пазироӣ Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси қисмати қазоқистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Магауов А.М., роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Қазоқистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва ҷамъияту ташкилотҳои кишвари иқомат, намояндагони диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ, Сафир оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолият, миқёси гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ва ҳадафҳои стратегии он, инчунин роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон қайд намуд.
Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Maгауов A.M. аз номи Ҳукумати Қазоқистон мардуми Тоҷикистонро бо таҷлили солгарди рӯзи Истиқлолияти Давлатӣ табрику таҳният гуфта, оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои нақшаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар сухан ронд.
Чорабинии мазкурро консерти ансамбли рақсии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақсҳои миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ҳусну таваҷҷуҳи хоса бахшид.
