Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия

19.12.2024 11:23

18 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вобаста ба мавзуъҳои банақшагирии сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти пажӯҳишӣ баргузор гардид.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими равобити байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода, роҳҳои ҳамоҳангсозии самарабахши фаъолияти сиёсати хориҷиро дар шароити таҳдидҳои муосир баррасӣ карданд.

Машваратҳо дар фазои эътимоди тарафайн ва муколамаи созанда баргузор шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим