Дар Минск ҷаласаи Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид

19.12.2024 14:41

18 декабри соли 2024 дар ш.Минск ҷаласаи 37-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ доир гардид.

Зимни нишаст иштирокчиён як қатор масоили мубрам, аз ҷумла рафти таҳияи лоиҳаи Тавсияҳои методӣ роҷеъ ба баъзе ҷабҳаҳои таҷрибаи шартномавии ИДМ, рушди ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ миёни ҷомеаҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳод, инчунин тамоюлҳои соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раёсати Кумитаи машваратӣ ба Тоҷикистон гузашт ва ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим