Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

20.12.2024 17:49

20 декабри соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2024 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2025 баррасӣ гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суханронии худ қайд кард: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷ гузоштан ба арзишҳои дар масири таърих андӯхтаи тоҷикон, эҳёи хотираи таърихии миллат ва муаррафии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мутассилу пайгирона кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бо дарназардошти ин, дар давоми соли 2024 Комиссияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвар корҳои заруриро анҷом додааст”.

Боиси тазаккур аст, ки Комиссияи миллӣ оид ба ЮНЕСКО барои боз ҳам маъмулу маъруф гардонидани фарҳанги беназири миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

С.Муҳриддин дар идомаи баромади худ таъкид кард, ки фарҳанг мерос аз аҷдодони мо буда, насли имрӯзаи миллати тамаддунофари моро водор месозад, то натанҳо барои нигоҳдорӣ, балки ҳифзу пешбарӣ ва тарғибу ташвиқи он талошҳои хешро дареғ надорем.

“Яке аз воситаҳои самараноки намоён кардани фарҳанги миллӣ барои оламиён коркарди номинаҳо ҷиҳати пешниҳод барои ворид намудан ба феҳристҳои ЮНЕСКО мебошад. Шомил шудани ёдгории фарҳангӣ ба феҳрист имконият фароҳам меоварад, ки он ҳифз ва вирди забонҳо гардад”, - гуфт ӯ.

Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи миллии мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ифтихорнома ва сипосномаи вазири корҳои хориҷӣ ба директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон, директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва директори АМИТ “Ховар” Субҳиддин Шамсиддинзода супорида шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим