Вохӯрии Сафир бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷопон дар Токио

13.09.2016 16:12

9 сентябри соли 2016 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷопон-Токио Тору Ишида баргузор гардид.

Зимни он ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои вобаста ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, сохторҳои соҳавӣ ва соҳибкоронро бо дарназардошти имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи вазъи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар, рушди мунтазами ин соҳаҳо ва навовариҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ сухан намуд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки баргузории вохӯриҳо ва чорабиниҳо миёни намояндагони соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистону Ҷопон нақши муассир дар тавсиаи ин самт хоҳанд дошт.

Боиси тазаккур аст, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷопон-Токио 515 намояндагиҳои маҳаллӣ дар шаҳру музофотҳои кишвари иқомат дорад ва аъзоёни он беш аз 1,250 миллион нафар соҳибкори хурду миёна ва корхонаҳои япониро ташкил медиҳад. Ин ниҳод бо дигар кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, технология, сармоягузорӣ ва ғайра фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

Вохӯрии Сафир бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Япония дар Токио

Нигористон

Тақвим