9 сентябри 2016 дар шаҳри Боку ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон зиёфати расмӣ барпо гардид.
Дар маросими мазкур Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон Салим Муслимов ба сифати меҳмони фахрӣ иштирок намуд. Дар ҳамоиши мазкур инчунин, гурӯхи дустии байнипарлумонӣ, сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими шаҳри Боку, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар ва расонаҳо, аҳли илму фарҳанги кишвари иқомат ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Дар суханони шодбошии худ сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зохир Саидов аз аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлол дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон бо роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ва ба такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд. Ӯ иброз дошт, ки эҳёи истиқлилоят пас аз ҳазор сол, ба мардуми тоҷик шароит фароҳам овард, ки пуштибони аз таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ намояд.
Дар навбати худ, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Озарбойҷон Салим Муслимов аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи миллии истиқлолият табрику таҳният гуфта, аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Озарбойҷон инчунин аз дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба диққати ҳозирин намоишгоҳи аксҳои дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, инчунин маводи таблиғотӣ оид табиати беназир ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Чорабинии мазкур бо намоиши рақсҳои миллӣ ва сабти видеоӣ оид ба Тоҷикистон анҷом пазируфт.