Бузургдошти Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар Файзобод

13.09.2016 19:40

9 сентябри соли 2016 дар бинои Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии ботантанаи расмӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии худ, Умед Назаров, Консули Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, дастовардҳои Тоҷикистонро дар даврони  Истиқлолият, таъкид намуда  ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистонро барои рушди минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Волии Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Аҳмад Файсал Бекзод, мардуми Тоҷикистонро бо таҷлили солгарди рӯзи Истиқлолияти Давлатӣ табрику таҳният гуфта, оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар сухан ронд.

Ҳамчунин филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихию табиати кишвар ва наворҳои намоишҳои фарҳангии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши меҳмонон гардид.

Нигористон

Тақвим