Таҷлили ҷашни пуршукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Берлин

15.09.2016 20:35

14 сентябри соли 2016 дар бинои асосии Дойче Банки шахри Берлин бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон зиёфати расмӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ин чорабинии ҷашнӣ намояндагони Ҳукумати федеролӣ, вакилони Бундестаг, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, олимон ва чеҳраҳои шинохта, инчунин ҳамватанони муқими Олмону донишҷӯёни тоҷик даъват шуда буданд.

Зимни суханронӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҳозиринро ба ин ҷашн табрик гуфта, 25-соли соҳибистиқлолии давлати навини Тоҷиконро давраи муҳим ва пурифтихор арзёбӣ намуд ва инчунин иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ин давра таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама бахшҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Сипас намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҷаноби Михаил Зиберт дар суханронии худ мардуми Тоҷикистонро ба ин ҷашни миллӣ табрик гуфта, омодагии кишварашро дар вусъату густариши минбаъдаи муносибатҳои дучониба бо Тоҷикистон изҳор намуд.

Дар рафти чорабинии ҷашнӣ ба ҳозирин намоиши расмҳои рассомони тоҷик, ки бозгӯи таърихи кӯҳан ва табиати зебо ва нотакрори Тоҷикистон мебошанд, инчунин филми мустанад оид ба ҳаёти имрӯзаи кишвар, пешкаш гардиданд. Ҳамчунин сарояндаи шинохта Ҷаъфари Ҷалол бо сурудҳои ватандӯстона хотири ҳозиринро шод гардонд. Ба меҳмонони чорабинии ҷашнӣ зиёфати идона, иборат аз хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав пешниҳод гардид.

Нигористон

Тақвим