30 январи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Тошканд) Пиергабриеле Пападиа де Боттиниро қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Италияро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкории ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муовини якуми вазир ба сафири Италия дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan