27 феврали соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай хонум Пяо Янфанро, ки ба ҳайси роҳбари ҳайати мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай аз раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба рӯзномаи СҲШ, аз ҷумла такмили фаъолияти Созмон табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan