4 марти соли 2025 cафири Тоҷикистон дар Малайзия, Таиланд ва Индонезия Ардашер Қодирӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Сугионо мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Индонезия дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба имкониятҳои густариш ва тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илму маориф ва фарҳангӣ байни ду кишвари дӯст зоҳир карданд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan