Боздид аз Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва Маркази дӯстию ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон

07.03.2025 00:00

6 марти соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” аз Маркази таълимии Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва Маркази дӯстию ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дидан намуданд.

Зимни ин боздид бо фаъолияти Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои омодасозии хизматчиёни давлатӣ, бахусус аз рӯи ихтисосҳои сиёсати хориҷӣ, дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ шиносоӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин, барои иштирокдорон фаъолияти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, аз ҷумла натиҷаҳои асосии чорабиниҳои дар панҷ соли охир баргузоршуда муаррифӣ карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим