5 марти соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (қароргоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон ба муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Георгий Зурабишвили нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти cафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan