Мулоқоти сафир бо вазири корҳои хориҷии Гурҷистон

07.03.2025 13:38

6 марти соли 2025 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (қароргоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон бо вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвили баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

​​​​​​​

 

 

 

Нигористон

Тақвим