Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Теҳрон

06.09.2016 17:53

6 сентябри соли 2016 дар меҳмонхонаи “Истиқлол”-и ш. Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Вазорати умури хориҷа, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, расонаҳои хабарӣ ва ҳамватанону донишҷӯёни тоҷик ҷашн гирифта шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Н.Эмомзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми 25 соли истиқлолият, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, таҳкими давлату давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, дастовардҳои назаррас дар роҳи дастёбӣ ба се ҳадафи роҳбурдӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, инчунин, равобиту ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманди дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд.

Ҳамчунин, вазири нерӯи ҶИЭ, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶИЭ Ҳ.Читчиён, муовини вазири умури хориҷа И.Раҳимпур, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон А.Шабистарӣ зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд.

Дар ҳошияи барнома гӯшае вобаста ба Тоҷикистон ташкил карда шуда, аксҳои манзараҳои зебои кишвар, китобҳо дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, анвои либосҳои миллӣ ва намунаи асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, инчунин, маводҳо оид ба имкониятҳои гардишгарии кишвар ва маҷаллаи тозаинтишорнамудаи Намояндагӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ пешкаши меҳмонон карда шуданд. Ҳамчунин, филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият ва зарфияту имконоти гардишгарии кишвар намоиш дода шуд.

Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Теҳрон

Нигористон

Тақвим