Мулоқот бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ

14.03.2025 18:50

14 марти соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Наталия Алонсо Кано баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла татбиқи Барномаи қолабии Сендай, пайванди офатҳои табиӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим