Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Юнон 30 сентябри соли 1992 барқарор шуданд.
20 майи соли 2008 даври якуми машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Юнон дар ш. Душанбе баргузор гардиданд. Тибқи барнома, ҳар ду кишвар оид ба муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Юнон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили САҲА ва СММ, табодули назар карданд.
Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳар ду кишвар дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад.
Ноябр, 2025