31 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмиллалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо - 2025 ҷаласаи мавзӯӣ таҳти унвони «Паймони оянда: Чӣ гуна Паймон метавонад ба муаррифии масоили пиряхҳо мусоидат кунад» баргузор гардид.
Иҷлосия таҳти ҳамраисии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Котиби иҷроияи Комиссияи иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиа Алисҷаҳбана барпо гардида, он ба аҳамияти ҳамгироии масъалаи мавриди назар ба санадҳои асосии байналмилалӣ, бахусус Паймони оянда тамаркуз кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ зикр намуд, ки Паймони оянда натанҳо ӯҳдадории сиёсӣ, балки маънавӣ ҳам дорад, ки ин болотар гузоштани талаботи оянда аз манфиатҳои кӯтоҳмуддат мебошад.
С. Муҳриддин ҳамчунин қайд кард, ки нобудшавии пиряхҳо ва офатҳои марбут ба об мушкили фардо набуда, мушкилоти имрӯз аст ва онҳо танҳо тавассути ҳамбастагии ҷаҳонӣ, муколама ва амалҳои ба илм нигаронидашуда ҳал карда мешаванд.
Дигар иштирокчиёни сатҳи баланд, аз қабили Ретно Марсудӣ, фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, Армида Салсия Алисҷаҳбана, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP), вазири амнияти захираҳо, экология ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон Медер Машеев ва дигарон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan