Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Италия

19.01.2024 11:15

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия 15 майи соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия Ҷамолиддин Убайдулло мебошад (бо қароргоҳаш дар Париж, аз соли 2019).

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Пиергабриела Пападия де Боттини мебошад (бо қароргоҳ дар Тошканд, январи 2025).

Рушди робитаҳо бо Италия яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ гузошта шудааст.

Шурӯъ аз соли 2007 сафарҳои мутақобилаи намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар вусъат ёфта, зимни мулоқотҳову музокиротҳои баргузоршуда дурнамои густариши ҳамкориҳои судманд баррасӣ гардиданд.

Соли 2024 сафари нахустини расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Давлати Ватикан баргузор гардид. Санадҳои ҳамкорӣ зимни музокиротҳои сиёсӣ ба имзо расида, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар самтҳои амният, саноат, ҳифзи муҳити зист, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир, мубодилаи фарҳангиву илмӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мешаванд.

Дар густариши ҳамкориҳои ду кишвар абзори машваратҳои сиёсӣ нақши калидӣ дошта, даври якуми он соли 2018 дар шаҳри Душанбе, даври дуюм соли 2020 дар шаҳри Рим ва даври сеюми он соли 2021 (дар шакли маҷозӣ) баргузор гардиданд.        

Айни замон байни ду давлат 14 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст, ки барои тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба заминаи хуберо фароҳам меоварад.

Солҳои охир динамикаи мусбии рушди робитаҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Италия эҳсос мегардад. Ҳузури ширкатҳои Италия дар баробари бахши гидроэнергетика (ширкати Вибилд дар НБО Роғун), дар саноати бофандагӣ (ширкатҳои истеҳсолии “Ҷаванӣ” ва “Карера”), ва дигар бахшҳои иқтисод дида мешавад. Инчунин  дар ҳошияи сафари расмии Роҳбари давлат ба шаҳри Рим дар баробари мулоқотҳои сатҳи олӣ инчунин ҳамоиши «Муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия» (Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия) баргузор гардида, самтҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Италия баррасӣ шуданд.

Ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар сол аз сол рушд ёфта истодааст.  

Дар баробари абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Италия  дар  сиғаи  С5+1 (Осиёи Марказӣ+Италия) низ ҳамкорӣ менамояд. Сиғаи Осиёи Марказӣ ва Италия соли 2019 таъсис ёфта, ҷаласаҳои он мунтазам баргузор мегарданд. Дар нишасти охирин (29.05.2024) дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, обу энергетика, муҳити зист, нақлиёт, сайёҳӣ ва маориф инчунин мавзуҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва хатару чолишҳои замони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва Ховвари Миёна баррасӣ гардиданд.

13.03.2025

Нигористон

Тақвим